Иззатулло Сатторӣ: «Истифодаи самараноки захираҳои агроиқлимӣ ба афзоиши истеҳсоли ғалладонагӣ мусоидат намуд»

Июль 19, 2017 16:30

ДУШАНБЕ, 19.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Истифодаи самараноки захираҳои агроиқлимӣ ва чораҳои андешидашуда ба он мусоидат намуд, ки дар 6 моҳи аввали соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ба беш аз 624 ҳазор тонна, картошка 142 ҳазор, сабзавот 567 ҳазор, меваҷот 773 ҳазор, асал 550 тонна ва тухм 134 млн. дона расонида шуд. Ба истиснои картошка ва тухм, истеҳсоли дигар навъҳои маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта   аз 2,0 то 17,9 фисад афзоиш ёфтааст.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ҳамчунин дар нишаст зикр карда шуд, ки барои пешгирӣ намудани паҳншавии малах ва ташкили муборизаи кимиёвӣ дар Вазорати кишоварзӣ ситоди доимоамалкунандаи ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор «Оид ба мубориза бар зидди ҳашароту зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ» таъсис дода шуда, дар ин давра дар зиёда аз 962 ҳазор гектар киштзори зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токзорҳо барои пешгирии паҳншавии малах коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷумҳурӣ ба дигар давлатҳо сабзавот 53657 тона, меваи хушк 13525, полизӣ 267, картошка 664 ва дигар маҳсулотҳо 603 ва дар маҷмӯъ 75 ҳазору 351 тонна маҳсулотҳои растанипарварӣ ба давлатҳои хориҷаи дуру наздик содирот карда шуданд.

Июль 19, 2017 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд