Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Суди Олӣ рӯзи душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд

Июль 15, 2017 09:45

ДУШАНБЕ, 15.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб 17 июли соли 2017, мувофиқи нақшаи таҳияшуда, оид ба натиҷаҳои нимсолаи якум нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд.

Нишасти матбуотии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа соати 9 дар толори маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар», мулоқоти роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма соати 11 дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ гузаронида мешаванд. Ҳамчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб журналистонро ҷиҳати иштирок дар нишасти матбуотӣ ба бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб соати 11 рӯзи 17 июл даъват кардааст.

Нишасти матбуотии Суди Олии Тоҷикистон рӯзи 17 июл соати 14 дар толори Суди Олӣ баргузор мешавад.

Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2011 ҳар сол ду маротиба гузаронида мешаванд.

Июль 15, 2017 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст