Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сокинон ва меҳмонони кишварро аз вазиши боди шадид ҳушдор медиҳад
ДУШАНБЕ, 14.07.2017. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲФ ва МГ ҶТ) бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони кишварро аз вазиши боди шадид ҳушдор медиҳад.
Тавре аз Кумита ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, рӯзҳои 14-15-уми июли соли равон дар ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон, ҳамчунин дар як қатор навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ боди сарду сахт мевазад, ки суръати он дар ҳар сония аз 13 то 18 метр аст. Бар асари ин бод тӯфони сахт бо чангу ғубор ба ҳаво мехезад. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои баландкӯҳ гармии ҳаво ҳифз мешавад ва барфҳо ва пиряхҳо об мешаванд, дар натиҷа хатари омадани сел, сангрезиш ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо аз эҳтимол дур нест.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрванддон хоҳиш ба амал овардааст, ки хеле ботаваҷҷуҳ бошанд, ҳангоми убур аз роҳҳои куҳӣ ва хатарзо эҳтиёткор шаванд. Муҳим аст, ки дар ин рӯзҳо кӯдакон беназорат намонанд, бахусус ҳузури онҳо дар соҳили рӯдхонаву ҳавзҳои оббозӣ зери назорати шадид қарор гирад.
Ба иттилои манбаъ, сокинони кишвар метавонанд дар ҳоли мушоҳида кардани ҳолатҳои фавқулодда аз тариқи телефон «112» ба КҲФ ва МГ ҶТ хабар диҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






