Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сокинон ва меҳмонони кишварро аз вазиши боди шадид ҳушдор медиҳад

Июль 14, 2017 15:52

ДУШАНБЕ, 14.07.2017. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲФ ва МГ ҶТ)  бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони кишварро аз вазиши боди шадид ҳушдор медиҳад.

Тавре аз Кумита ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, рӯзҳои 14-15-уми июли соли равон дар ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон, ҳамчунин дар як қатор навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ боди сарду сахт мевазад, ки суръати он дар ҳар сония аз 13 то 18 метр аст. Бар асари ин бод тӯфони сахт бо чангу ғубор ба ҳаво мехезад. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои баландкӯҳ гармии ҳаво ҳифз мешавад ва барфҳо ва пиряхҳо об мешаванд, дар натиҷа хатари омадани сел, сангрезиш ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо аз эҳтимол дур нест.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрванддон хоҳиш ба амал овардааст, ки хеле ботаваҷҷуҳ бошанд, ҳангоми убур аз роҳҳои куҳӣ ва хатарзо эҳтиёткор шаванд. Муҳим аст, ки дар ин рӯзҳо кӯдакон беназорат намонанд, бахусус ҳузури онҳо дар соҳили рӯдхонаву ҳавзҳои оббозӣ зери назорати шадид қарор гирад.

Ба иттилои манбаъ,  сокинони кишвар метавонанд дар ҳоли мушоҳида кардани ҳолатҳои фавқулодда аз тариқи телефон «112» ба КҲФ ва МГ  ҶТ хабар диҳанд.

Июль 14, 2017 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад