Маҳбуба Камолова: «Барои пешгирии тарғиби сарулибоси ба фарҳанги мо бегона бояд миёни мардон низ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шавад»

Июль 19, 2017 17:58

ДУШАНБЕ, 19.07.2017 /АМИТ«Ховар»/. Сару либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги тоҷикон ба шумор рафта, ба мо аз аҷдодон ёдгор мондааст ва дар тӯли қарнҳо агар он шаклашро дигартар намуда бошад ҳам, вале шинамию зебандагиашро гум накардааст. Мутаассифона, имрӯз бархе аз ҷавонон, махсусан занону духтарон мавқеи либоси миллиро коста гардонида, рӯ ба фарҳанги дигар халқҳо овардаанд.

Ин мавзӯъ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин аст, ки  чанде пеш дар мулоқот бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеа ба муносибати  10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Сарвари давлат ин нуктаро бори дигар таъкид намуданд.

Дар ин росто, сармуҳаррири  рӯзномаи  «Народная газета» Маҳбуба Камолова дар суҳбат бо хабанигори АМИТ «Ховар» андешаҳои худро чунин  изҳор намуд: «Дар суханронии Пешвои миллат ба масъалаи ниҳоят муҳим, яъне арҷ гузоштан ба забони давлатӣ ва риояи фарҳанги миллӣ, ки дар ташаккули андешаи миллӣ ва боло рафтани худогоҳиву худшиносии мардум, бахусус наврасону ҷавонон таъсири амиқ мегузорад, изҳори назар карда шуд.

Президенти кишвар чунин таъкид намуданд: «Фарҳанги миллӣ ба сифати пояи устувори маънавиёт ва таҳкими аркони давлатдорӣ арзиши ниҳоят бузург дошта, ҳифзи он ва ба ояндагон ба мерос гузоштани ин ганҷинаи маънавии халқи азизамон вазифаи давлат ва тамоми шаҳрвандони кишварамон ба шумор меравад.  Вале солҳои охир бо таъсири шабакаҳои интернетӣ ва гурӯҳҳои алоҳида тарғиби сарулибоси ба фарҳанги мо бегона дар шаҳру ноҳияҳои мо, бахусус миёни занон вусъат гирифта истодааст, ки боиси нигаронӣ мебошад. Як гурўҳи маҳдуди занону духтарон диндориро на дар ботин, балки дар зоҳир тасаввур карда, бо пўшидани либосҳои сиёҳу торик арзишҳои моро поймол ва фазои маънавии ҷомеаро тира сохта истодаанд. Ҳоло он ки Худоро бо ақл мешиносанду бо қалб мепарастанд, на ба сарулибосу сатру ҳиҷобу саллаву  риш».

Албатта ҳамаи ин гуфтаҳо ягон шахси солимақлро бояд бетараф нагузорад. Махсусан бояд мо, занон сари ин масълаҳо ҷиддӣ андеша намоем, чунки талхии ҷанги шаҳрвандиро мо аллакай чашидаем. Оқибати рӯ овардан ё тақлид кардан ба сарулибоси ба фарҳанги миллии мо бегона ифротгароӣ буда, боиси аз байн бурдани фарҳанги миллии мо мегардад.

Мушоҳидаҳо ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар замони муосир тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ зери таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ қарор дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно шуда наметавонад. Яке аз чунин омилҳои хатарзо- ин зуҳури фарҳанги бегона аз болои фарҳанги миллӣ мебошад. Мисоли мушахасси онро Пешвои миллат дар суханронии худ равшану возеҳ зикр намуданд.

Ба андешаи ман, сабабҳои пайдоиши ин ҳолатҳо, пеш аз ҳама, мардони хона, шавҳар, бародар, ҷавонписар, ки худ зери таъсири ғояҳои ифротӣ қарор доранд, мебошанд. Чунки онҳо занону духтарони худро маҷбур месозанд, ки сатру ҳиҷоб ва либосҳои сиёҳу тирае, ки ба фарҳанги миллии мо бегона аст, ба бар кунанд.

Сабаби дигари хурофотпарастӣ дар байни занону ҷавондухтарон таъсири бевоситаи занони таблиғгар мебошад. Дур мондани духтарон аз таҳсилот метавонад яке аз омилҳои таблиғи фарҳанги бегона гардад. Тавре маълум аст, як гурӯҳ занон пӯшидани ин гуна либосҳоро ба мӯд вобаста медонанд.  Дар бозору мағозаҳо ворид ва ба фурўш гузоштани сатру ҳиҷоб, ба андешаи ман, ҳадафи  гурўҳҳои махсус мебошад, ки мақсади онҳо таблиғи фарҳанги бегона аст.

Таълими ғайриқонунии дарсҳои динӣ аз тарафи баъзе занони руҳонӣ ба ҷавондухтарон низ метавонад ба ин раванд таъсиргузор бошад. Аз ҷониби дигар интернет, филмҳо, фиттаҳои аудиовизуалӣ, ки дар бозорҳои кишвар  фурўхта мешаванд,  ба тафаккури инсон таъсири манфӣ мерасонад.

Дар робита ба ин ман пешниҳод дорам, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» банди алоҳида бо мазмуни зерин ворид карда шавад: «Аз тарафи занону духтарон ба бар намудани сатру ҳиҷоб дар корхонаву муассиса ва кўчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ қатъиян манъ карда шавад. Ҳамчунин аз ҷониби масъулини идораву корхонаҳои давлатӣ, фаъолони ҷамъиятӣ, корхонаҳои дӯзандагӣ ва тарроҳони ватанӣ таблиғи либосҳои миллӣ бо нархҳои дастрас ва сифати хуб ба роҳ монда шавад. Аз ҳисоби кормандони сохторҳои давлатӣ, қудратӣ, фаъолон, зиёиён, аҳли уламо гурўҳҳои корӣ таъсис дода шуда, на танҳо бо занон, балки бо мардон низ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шавад. Нисбат ба  шахсони хурофотпараст   чораҳои қатъӣ андешида шуда,  дар ҳолатҳои алоҳида онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Назорати дӯконҳои фурўши либосҳои ба фарҳанги мо бегона пурзӯр карда шуда, ба Тоҷикистон ворид намудани чунин молҳо манъ карда шавад. Падару модарон вазифадор карда шаванд, ки ба фарзандони худ таҳсилоти ҳатмии миёнаи умумиро таъмин намоянд.   Ҳамкории оила, мактаб, маҳалла, ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бар зидди сатру ҳиҷоб ва либосҳои ба фарҳанги мо бегона аз ҷониби занону духтарон пурзўр карда шавад».

Дар тўли 10 соли амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумхурии Тоҷикистон»  мо  ҳама шоҳиди он гаштем, ки барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошта шуд. Ба ин васила суннатҳои диниву мардумӣ ба танзим дароварда шуда, анъана ва маросимҳои ҷашнҳои миллӣ мушаххасу дақиқ гардида, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ гирифта шуданд. Вале,  тавре Пешвои миллат дар мулоқоти зикршуда   иброз намуданд, ҳеҷ як қонун догма (чизи шахшудамонда)  нест, онро вобаста ба ҳолату вазъияти ҷомеа тағйиру  такмил додан мумкин аст. Маҳз ба ҳамин хотир комиссияи алоҳидаи ҳуқуматӣ низ таъсис дода шудааст.

Лутфия ЭШОНҚУЛОВА

Июль 19, 2017 17:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин