Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон дар шаҳри бостонии Ҳулбук ифтитоҳ гардид

Июль 4, 2017 09:10

ДУШАНБЕ, 04.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ботантанаи ифтитоҳи «Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон дар шаҳри бостонии Ҳулбук» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд, чорабиниро президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки «Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон дар шаҳри бостонии Ҳулбук» бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва Академияи илмҳои Тоҷикистон ва дастгирии Бунёди байналхалқии Давлатҳои Иттиҳод ташкил гардида, аз 2 то 8 июли соли 2017 дар минтақаи Кӯлоб идома меёбад.

Ба иттилои манбаъ, барои иштирок дар мактаби бостоншиносони ҷавон аз кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озорбойҷон, Россия ва Украина ташриф овардаанд.

3 июл қабл аз маросими кушодашавӣ иштирокчиён аз Осорхонаи бостонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, бо нигораҳои таърихии он шинос гардиданд. Мувофиқи барнома дар ин давра баргузории ҷаласаҳо дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳулбук», машғулиятҳои илмию амалӣ дар мавзеи таърихии Ҳулбук дар назар аст.

Иштирокчиён инчунин аз кӯҳи намаки Хоҷа Мӯъмин, воқеъ дар ноҳияи Восеъ ва мавзеи Чилдухтарони ноҳияи Мӯъминобод дидан хоҳанд кард.

Июль 4, 2017 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад