Масъалаҳои вобаста ба истифодаи оби дарёҳои Сир ва Ому дар Душанбе баррасӣ гардиданд

Июль 8, 2017 12:25

ДУШАНБЕ, 08.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе пойтахти Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҷаласаи  71 -уми Комиссияи  байнидавлатии ҳамоҳангсозии  хоҷагии оби кишварҳои Осиёи Марказӣ  дар сатҳи  муовинони вазирони обу энергетикаи давлатҳои  ҳавзаи Осиёи Марказӣ –Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон доир гардид.

Тавре дар суҳбат ба  хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини    аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  Султон Раҳимзода иброз дошт,  дар ҷаласаи 71-уми Комиссияи  байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ масъалаҳои  раванди иҷрои  қарорҳои  ҷаласаи қаблии Комиссия оид ба истифодабарии  об  аз ҳавзаи дарёҳои Сир ва Ому дар мавсими обёрии  соли 2017,  инчунин омодагӣ  ба  ҷашни 25 -солагии  таъсиси Комиссияи  мазкур, ки моҳи ноябр дар шаҳри  Тошканд таҷлил мегардад, баррасӣ шуда, қарорҳои марбута қабул гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки Комиссияи  байнидавлатии ҳамоҳангсозии  хоҷагии оби Осиёи Марказӣ соли 1992 аз ҷониби ҳукуматҳои кишварҳои  Осиёи Марказӣ бо мақсади  тақвияти ҳамкориҳо дар самти истифодаи захираҳои обии ҳавзаи дарёҳои Сир ва Ому созмон дода шудааст.  Дар як сол дар кишварҳои гуногуни Осиёи Марказӣ чор маротиба ҷаласаҳои Комиссияи  байнидавлатии ҳамоҳангсозии  хоҷагии оби Осиёи Марказӣ гузаронида мешаванд.  Интизор меравад, ки моҳи ноябри соли 2017 дар пойтахти Ӯзбекистон — шаҳри Тошканд ҷаласаи 72-юми  Комиссияи байнидавлатии  ҳамоҳангсозии  хоҷагии оби кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардад.

 

Июль 8, 2017 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд