Масъалаҳои вобаста ба истифодаи оби дарёҳои Сир ва Ому дар Душанбе баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 08.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 71 -уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи муовинони вазирони обу энергетикаи давлатҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ –Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон доир гардид.
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода иброз дошт, дар ҷаласаи 71-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ масъалаҳои раванди иҷрои қарорҳои ҷаласаи қаблии Комиссия оид ба истифодабарии об аз ҳавзаи дарёҳои Сир ва Ому дар мавсими обёрии соли 2017, инчунин омодагӣ ба ҷашни 25 -солагии таъсиси Комиссияи мазкур, ки моҳи ноябр дар шаҳри Тошканд таҷлил мегардад, баррасӣ шуда, қарорҳои марбута қабул гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ соли 1992 аз ҷониби ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо дар самти истифодаи захираҳои обии ҳавзаи дарёҳои Сир ва Ому созмон дода шудааст. Дар як сол дар кишварҳои гуногуни Осиёи Марказӣ чор маротиба ҷаласаҳои Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ гузаронида мешаванд. Интизор меравад, ки моҳи ноябри соли 2017 дар пойтахти Ӯзбекистон — шаҳри Тошканд ҷаласаи 72-юми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардад.








Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид






