Машқҳои стратегии зиддитеррористӣ дар гарнизони «Хоруғ» ба анҷом расиданд
ХОРУҒ, 21.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Машқҳои стратегии зиддитеррористӣ дар тамрингоҳи низомии мавзеи Теми шаҳри Хоруғ ба охир расиданд. Баҳри назорат аз болои амалиёти муштараки ҷузъу томҳо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед, раисони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ ширкат намуданд.
Машқҳо бо ҷалби ҷузъу томҳои таъйиноти махсуси сохторҳои низомии гранизони Хоруғ аз рӯи унсурҳои гуногуни зиддитеррористӣ ҷараён гирифта, дар он силоҳу муҳимоти ҷангӣ, авиатсияи ҷангӣ, техникаи зиреҳпӯши ҳарбӣ ва артиллериву автомобилӣ истифода гардиданд.
Зимни натиҷагирӣ аз даври ниҳоии маҷмӯи машқҳои муштарак оид ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати дифоии кишвар, омодагӣ баҳри пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳо ва роҷеъ ба сатҳи боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии он Вазири мудофиаи мамлакат дар назди иштирокдорон ибрози андеша кард. Вазири мудофиа моҳият ва ҳадафи баргузории чунин тамринҳои васеи низомиро барои таъмини амнияти давлату миллат муҳиму манфиатбахш арзёбӣ намуда, баён дошт: «Минтақаи Бадахшони Тоҷикистон аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ ва мавқеи геополитикӣ дар маркази таваҷҷуҳи гурӯҳҳои бадхоҳ қарор дошта, доир намудани чунин машқҳои низомиро барои омода будан ба ҳар гуна таҳдиду фишорҳои гурӯҳҳои ифротгарою даҳшатафкан, ки нияти халалдор сохтани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, муҳим ва саривақтӣ мебошад».
Дар анҷоми машқҳои муштарак иддае аз афсарону сарбозон бо медалу ифтихорномаҳо, рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Хотирасон мекунем, ки ин чорабинӣ аз 17 то 20 июли соли 2017 бо супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақшаи муштараки маҷмӯи чорабиниҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ барои соли 2017 дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷалби зиёда аз 10 ҳазор нафар ҳайати шахсӣ доир карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






