Машқҳои стратегии зиддитеррористӣ дар гарнизони «Хоруғ» ба анҷом расиданд

Июль 21, 2017 15:59

ХОРУҒ, 21.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Машқҳои стратегии зиддитеррористӣ дар тамрингоҳи низомии мавзеи Теми шаҳри Хоруғ ба охир расиданд. Баҳри назорат аз болои амалиёти муштараки  ҷузъу томҳо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед,  раисони  шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ ширкат намуданд.

Машқҳо бо ҷалби ҷузъу томҳои таъйиноти махсуси сохторҳои низомии гранизони Хоруғ аз рӯи  унсурҳои гуногуни зиддитеррористӣ ҷараён гирифта,  дар он силоҳу муҳимоти ҷангӣ, авиатсияи ҷангӣ,  техникаи зиреҳпӯши  ҳарбӣ ва артиллериву автомобилӣ истифода гардиданд.

Хоруғ.Машқҳои тактикӣ стратегӣЗимни натиҷагирӣ аз даври ниҳоии маҷмӯи машқҳои муштарак оид ба  дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати дифоии кишвар, омодагӣ  баҳри пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳо ва роҷеъ ба сатҳи боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии он Вазири мудофиаи  мамлакат дар  назди иштирокдорон ибрози андеша кард.  Вазири мудофиа  моҳият ва  ҳадафи баргузории чунин тамринҳои васеи низомиро барои таъмини амнияти давлату миллат муҳиму  манфиатбахш арзёбӣ намуда, баён дошт: «Минтақаи Бадахшони Тоҷикистон аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ ва мавқеи геополитикӣ  дар  маркази таваҷҷуҳи  гурӯҳҳои бадхоҳ қарор дошта,  доир намудани  чунин машқҳои низомиро барои омода будан ба ҳар гуна таҳдиду фишорҳои гурӯҳҳои ифротгарою даҳшатафкан, ки нияти  халалдор сохтани  сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, муҳим ва  саривақтӣ мебошад».

Дар анҷоми машқҳои муштарак иддае аз афсарону сарбозон бо медалу ифтихорномаҳо, рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ  сарфароз гардонида шуданд.

Хотирасон мекунем, ки ин чорабинӣ аз 17 то 20  июли  соли 2017 бо супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва тибқи  нақшаи муштараки маҷмӯи чорабиниҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ барои  соли 2017 дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷалби  зиёда аз 10 ҳазор нафар ҳайати шахсӣ доир карда шуд.

Июль 21, 2017 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид