Мавсума Муинӣ: «Ҷавононро зарур аст, ки арзишҳои фарҳангии хешро ҳифз намоянд»
ДУШАНБЕ, 21.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Раёсати ҷавонони шаҳри Душанбе дар Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе» ҳамоиши ҷавонон вобаста ба ҷонибдорӣ аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10 — солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд.
Ҳамоишро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки ҷавонон неруи созанда ва пуриқтидори ҷомеа буда, метавонанд барои амалӣ намудани муқаррароти қонуни мазкур саҳми босазо гузоранд.
Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки имрӯз ҷавононро зарур аст, ки арзишҳои фарҳангии хешро ҳифз намоянд ва барои ҳидояти ҳамсолон, ҳамсоягон ва аҳли хонавода ҷиҳати худдорӣ намудан аз зуҳуроти бегонапарастиву тақлид, зиёдаравӣ ҳангоми баргузории як қатор маросиму маъракаҳо, саҳмгузор бошанд.
Ҷавонони фаъоли шаҳри Душанбе Ҳофиз Сангаков, Мунира Сафарова, Малика Солеҳова, Муслиҳиддини Сайфиддин ва Фарзона Восиева аз дастгириву таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин қишри ояндасози ҷомеа изҳори сипос намуда, баён доштанд, ки кӯшиш менамоянд, ки бо сарфаву сарриштакорӣ ва бо низоми муайян гузаронидани маъракаҳои диниву миллӣ ва хонаводагӣ ҳиссагузор бошанд.








«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






