Мавсума Муинӣ: «Ҷавононро зарур аст, ки арзишҳои фарҳангии хешро ҳифз намоянд»

Июль 21, 2017 15:56

ДУШАНБЕ, 21.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Раёсати ҷавонони шаҳри Душанбе дар  Корхонаи воҳиди давлатии  «Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе» ҳамоиши ҷавонон вобаста ба ҷонибдорӣ аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10 — солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд.

Ҳамоишро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки ҷавонон  неруи созанда ва пуриқтидори ҷомеа буда, метавонанд барои амалӣ намудани муқаррароти қонуни мазкур саҳми босазо гузоранд.

Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки  имрӯз ҷавононро зарур аст, ки арзишҳои фарҳангии хешро ҳифз намоянд ва  барои ҳидояти ҳамсолон, ҳамсоягон ва аҳли хонавода ҷиҳати худдорӣ намудан аз зуҳуроти бегонапарастиву тақлид,  зиёдаравӣ ҳангоми баргузории як қатор маросиму маъракаҳо, саҳмгузор бошанд.

Ҷавонони  фаъоли шаҳри Душанбе Ҳофиз Сангаков, Мунира Сафарова, Малика Солеҳова, Муслиҳиддини Сайфиддин ва Фарзона Восиева аз дастгириву таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбат ба ин қишри ояндасози ҷомеа изҳори сипос намуда, баён доштанд, ки кӯшиш  менамоянд, ки бо сарфаву сарриштакорӣ ва бо низоми муайян гузаронидани маъракаҳои диниву миллӣ ва хонаводагӣ ҳиссагузор бошанд.

Июль 21, 2017 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд