Минбаъд Президенти Тоҷикистон маоши Раисони палатаҳои Парлумонро муқаррар мекунанд
ДУШАНБЕ, 12.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон музди меҳнати Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқарарр мекунанд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки 12 июл аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон дар иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллӣ ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки Маҷлиси миллӣ палатаи болоӣ ва Маҷлиси намояндагон палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон буда, соли 2000 таъсис дода шудаанд. Маҷлиси миллӣ дорои 33 нафар узв ва Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил иборат мебошад, ки ба муҳлати 5 сол интихоб мегарданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






