Мулоқоти сеҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон

Июль 6, 2017 15:42

ДУШАНБЕ, 06.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Бустонсаройи беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Пугус» воқеъ дар дараи хушманзараи Варзоб мулоқоти сеҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф баргузор шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бори дигар ташрифи меҳмонони олимақоми ҳамсоякишварҳоро  ба сарзамини бостонии Тоҷикистон  самимона хайрамақдам гуфта, изҳор доштанд, ки мо ҳамсоягони дорои пайвандҳои ногусастании иҷтимоиву фарҳангӣ ва тамаддуниву маънавии муштарак мебошем ва рисолати мост, ки ин пайвандҳои таърихии мардумонамонро бо ҳусни ният, азми қотеъ ва саъйю талоши пайгир таҳкиму тавсеа бахшем.

Аз нишасти охирини сарони давлатҳои сегона- Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон  дар баҳори соли 2014  ёдовар шуда,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  таъкид намуданд, ки дар  ин давра  оғози татбиқи лоиҳаи минтақавии  КАСА-1000  аз  дастовардҳои  бузург ва  таърихии ин давлатҳо ба ҳисоб меравад.

Дар мулоқоти сегона бо диди васеъ ва иродаи матин суръат бахшидани раванди татбиқи ин тарҳи стратегӣ  таъкид гардида, аз роҳбарони ҳайатҳо даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати татбиқи бетаъхири лоиҳа бо мақсади пайванди табиии  давлатҳои  минтақа  ва  таъмини  рушди устувори иқтисодию иҷтимоии онҳо тадбирҳои судманд амалӣ намоянд.

Ҳамчунин дар заминаи иҷрои тарҳҳои муштарак ҷиҳати тавсеаи зерсохтори иртибототии  кишварҳо  тавассути сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, рушди алоқаи ҳавоию  телекоммуникатсионӣ  ва пайвастагии минтақавӣ, истифодаи масири транзитӣ ва имзои ҳарчи зудтари Созишномаи тиҷорати транзитии се кишвар  фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

Густариши бештари  ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ  ба нафъи мардумони се кишвар ва омили муҳимми  тавсеаи робитаҳои минтақавӣ дониста шуд ва  мусоидату корбурди василаҳои муосир – гузаронидани  намоишгоҳҳову анҷуманҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ  ва сармоягузории муштарак бо мақсади ташвиқи бештару муаррифии имкониятҳои ҳамдигар, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ  муфид арзёбӣ гардид. Бо назардошти ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ҳамчун иқдоми аввал дар ин ҷода дар рӯзҳои ҷашни суннатии Меҳргон дар моҳи октябри соли равон Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон дар шаҳри Душанбе гузаронида шавад.

Изҳори  итминон карда шуд, ки баҳри ҳалли мушкилиҳои мубрами рӯз, бахусус аз байн бурдани камбизоатӣ, эҷод намудани ҷойҳои корӣ, баланд бардошти сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҷалби технологияҳои муосир барои рушди босуботи ҷомеа  иқдомҳои муштарак  дар руҳияи созандагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ пеш гирифта мешаванд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои муҳими марбут ба ҳамкориҳои сеҷониба дар самти иштироки фаъол дар баэътидоловарии вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккил ва қочоқи маводи нашъаовар табодули афкор намуданд.

Мулоқоти сеҷонибаи Президентҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Сарвазири Покистон 06.07.2017

Июль 6, 2017 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаи бунёди муассисаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ 3 корхонаи нави саноатиро ба истифода доданд