Намояндаи ҶДММ «Меҳр — 777» барои қочоқ ба ҷазои ҷиноӣ кашида шуд
ДУШАНБЕ, 31.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд муайян карда шуд, ки шаҳрванд М. З. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон даст ба содир намудани ҷиноят задаанд, ки моҳияти он аз қочоқ, интиқоли мол ва ашёи дигар аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи техникаи компютерӣ иборат мебошад.
Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, шаҳрванд З.Н. дар асоси ваколатнома ҳамчун намояндаи ҶДММ «Меҳр-777» баромад намуда, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон ба воситаи нақлиёти боркаши тамғаи «Волво», рақами қайди давлатиаш B721 – SYN – 6416BD аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, 35 номгӯй молу маҳсулоти сохтмонӣ, конселярӣ, либосҳои мардонаю занона, либосворӣ, бозичаҳои гуногуни кӯдакона ва дигар молҳои ниёзи мардумро бидуни барасмиётдарории гумрукӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон намудааст.
Тибқи маълумотномаи Шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД — и ВКД — и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муайян карда шуд, ки нақши мӯҳрҳои даврашакл ва нақши сиккаҳои росткунҷашакл дар рӯи варақаи ҳуҷҷатҳои рӯйхати номгӯйи мол гузошташуда бо истифода аз воситаи нусхабардорӣ ва дастгоҳи чопии ранга гузошта шудаанд.
Мувофиқи маълумотномаи Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки арзиши молу маҳсулоти тариқи қочоқ вориднамудаи шаҳрванд М. З. ва дигарон маблағи умумии 464 ҳазору 594 сомонию 13 дирамро ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи ин ҳаракатҳои бадқасдонаи онҳо ба буҷаи давлат ба миқдори калон зарари моддӣ расонида шудааст.
Оид ба ҳолати зерин нисбат ба намояндаи ҶДММ «Меҳр — 777» М. З. ва дигарон бо моддаи 289 қисми 2 ва 340 қисми 2 – и бандҳои «б, в» — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он дар Прокуратураи вилояти Суғд мавриди тафтиш қарор дорад.








Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид






