Нашриёти «Маориф»-и Тоҷикистон дар шаҳри Остона сазовори як медалу ҳафт диплом шуд

Июль 12, 2017 16:27

ДУШАНБЕ, 12.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 18 июн дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Намоиши байналмилалии китоби Авруосиё  баргузор шуд, ки дар он Муассисаи нашриявии «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, беҳтарин маводи тозанашри худро ба намоиш гузошт.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар Намоишгоҳ аз 22 давлати дунё зиёда аз 100 ширкату муассисаҳои табъу нашриявӣ иштирок намуданд. Хурсандибахш аст, ки дар таърихи ҷумҳурӣ  нахустин  маротиба маводи нашрии ҷумҳурӣ дар Намоиши байналмилалӣ соҳиби медал гардид.  Аз рӯи номгӯи китобҳо дар мавзӯи кишваршиносӣ китоби дастаҷамъии шоир Михаил Синелников «Сердце Азии» (Маориф, 2016), ки бо пешгуфтори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи чоп омадааст,  соҳиби  дипломи  махсус ва  30 000 тенге   гардид.

Нашри нави китоби «Афсонаҳои халқи тоҷик» (Маориф, 2017) барои ороиш сазовори Дипломи махсус  ва  аз номинатсияи  китоб барои кӯдакон ва наврасон сазовори  Диплом ва медали дараҷаи сеюми Намоиши байналмилалии китоби Авруосиё  шуд. Дар баробари ин  Муассисаи нашриявии «Маориф» барои ороиши ғурфа (павилон) ва иштироки фаъолона дар Намоишгоҳ  боз бо ду дипломи Намоишгоҳ  сарфароз гардонида шуд.

Дар хотима Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои дастгирӣ  ва   таъмини  иштироки ноширони тоҷик бо Дипломи  Намоишгоҳи дуюми байналмилалии китоби Авруосиё  сарфароз гардонида шуданд.

Июль 12, 2017 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE иқдоми навро оғоз кард: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Дар Ёвон бахшида ба 31-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст