Нашриёти «Маориф»-и Тоҷикистон дар шаҳри Остона сазовори як медалу ҳафт диплом шуд
ДУШАНБЕ, 12.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 18 июн дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Намоиши байналмилалии китоби Авруосиё баргузор шуд, ки дар он Муассисаи нашриявии «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, беҳтарин маводи тозанашри худро ба намоиш гузошт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар Намоишгоҳ аз 22 давлати дунё зиёда аз 100 ширкату муассисаҳои табъу нашриявӣ иштирок намуданд. Хурсандибахш аст, ки дар таърихи ҷумҳурӣ нахустин маротиба маводи нашрии ҷумҳурӣ дар Намоиши байналмилалӣ соҳиби медал гардид. Аз рӯи номгӯи китобҳо дар мавзӯи кишваршиносӣ китоби дастаҷамъии шоир Михаил Синелников «Сердце Азии» (Маориф, 2016), ки бо пешгуфтори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи чоп омадааст, соҳиби дипломи махсус ва 30 000 тенге гардид.
Нашри нави китоби «Афсонаҳои халқи тоҷик» (Маориф, 2017) барои ороиш сазовори Дипломи махсус ва аз номинатсияи китоб барои кӯдакон ва наврасон сазовори Диплом ва медали дараҷаи сеюми Намоиши байналмилалии китоби Авруосиё шуд. Дар баробари ин Муассисаи нашриявии «Маориф» барои ороиши ғурфа (павилон) ва иштироки фаъолона дар Намоишгоҳ боз бо ду дипломи Намоишгоҳ сарфароз гардонида шуд.
Дар хотима Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои дастгирӣ ва таъмини иштироки ноширони тоҷик бо Дипломи Намоишгоҳи дуюми байналмилалии китоби Авруосиё сарфароз гардонида шуданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






