Насим Олимзода: «Дар Тоҷикистон бемории диабети қанд рӯ ба афзоиш овардааст»
ДУШАНБЕ, 13.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 ҳазору 191 нафар гирифторони бемории диабети қанд ба қайд гирифта шудаанд, аз онҳо 6 ҳазору 758 нафар вобастаи инсулин (доруи асосии зидди диабети қанд) мебошанд.
Дар ин бора дирӯз Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми кишварҳои ҷаҳон бемории диабети қанд рӯ ба афзоиш овардааст. Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт корҳои зиёд ба анҷом расонида, соли равон зиёда аз 3, 5 миллион сомонӣ барои харидорӣ ва таъмини инсулин ҷудо гардидааст»,-иброз намуд Насим Олимзода.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, бемориҳои сироятӣ, истеъмоли нодурусти хӯрок ва фарбеҳӣ аз сабабҳои асосии пайдоиши бемории диабети қанд ба ҳисоб мераванд.
Ҳоло дар Тоҷикистон 769 нафар кӯдак гирифтори бемории диабети қанд буда, вобастаи инсулин мебошанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






