Номи ду деҳаро дар Ёвон тоҷикӣ карданд
ДУШАНБЕ, 12.07.2017/АМИТ «Ховар»/. Ду деҳа дар ноҳияи Ёвон табдили ном кард. Дар ин хусус аъзои Маҷлиси миллӣ дар иҷлосияи ёздаҳуми палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон» ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамин тариқ номи деҳаи Урта – Қайнар ба Зафар ва деҳаи Ғорбулоқ ба Ғорчашма иваз карда шуданд. Ин деҳаҳо дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Норин ва Даҳанаи ноҳияи Ёвон воқеъанд.
Ҳадафи ворид намудани номи ду деҳа дар Ёвон арҷгузорӣ ва худшиносии миллӣ, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, гуфт зимни тавзеҳи масъалаи мазкур Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси кумитаи Маҷлиси миллӣ. Мавсуф афзуд, ки ин тадбир дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешида шудааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






