Оғози мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”
ДУШАНБЕ, 11.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар «Кохи Борбад» мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” оғоз гардид.
Ёдовар мешавем, ки даҳ сол муқаддам-соли 2007 бо ҳамовозии амиқи мардуми кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд.
Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат дар рӯзҳои таҷлили солгарди 10-уми қабули қонун ба хотири натиҷагирӣ аз он боз як ҳамоиши васеъ доир карда шуд, то ин ки бо дархосту пешниҳоди нави шаҳрвандон ба хотири такмил додани санади муҳим ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шавад.
Бо супориши Пешвои миллат то имрӯз тавассути телефонҳои боварӣ, почтаҳои электронӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма фикру дархост, таклифу пешниҳоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҷамъ оварда шуд.
Ҳамаи ин тадбирҳо пеш аз ҳама барои беҳдошти сатҳи зиндагии мардум равона гардидааст. Ҳадафи дигар рушди анъанаҳои миллӣ, эҳёву гиромидошти расму оинҳои аз байнрафта, ба таври шоиста муаррифӣ кардани арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни бою қадимаи миллати тоҷик ба ҷаҳониён мебошад.
Дар мулоқоти имрӯза намояндагони касбу кори гуногун аз шаҳру вилоятҳои мамлакат баромад намуда, вобаста ба бандҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таклифу пешниҳодҳои худро баён мекунанд.








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






