ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ…». 30 июл Рӯзи байналмилалии дӯстӣ таҷлил мегардад

Июль 30, 2017 08:10

ДУШАНБЕ, 30.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дӯстӣ беҳтарин  арзиш ва дастовард аст. Дар он ҷое, ки дӯстӣ ҳаст, умед  ҳаст, адолату муҳаббат дастболоянд, меҳрубониву раҳму шафқат ва шодиву фараҳ ҳамроҳ бо  инсонҳоянд. Дӯстӣ бовар аст, неруи созанда аст, дили пури мо аз имрӯзу фардост. Он чи моро, зиндагониву хонаводаҳои моро фирӯзу шодком медораду ба ҳастии мо маъно мебахшад, ҳамин дӯстист. Маҷмааи умумии СММ ҳамаи инро ба назар гирифта, 30 июлро Рӯзи байналмилалии дӯстӣ эълон намудааст, то дӯстӣ омили ҳамзистии осоишта ва бахту саодати мардум бошад ва маҳз ба шарофати он одамон тинҷу осуда, дар канори ҳам ва сарбаландона зиндагӣ кунанд. Бояд зикр намуд, ки ин ҳама ободию бунёдкорӣ аз баракати дӯстист ва ҳар куҷое дӯстӣ аст, сарсабзию пешравӣ низ таъмин аст.

Ин нуктаи  ҳикматборро Ҳофизи бузургвор  чунин ба риштаи назм кашидааст:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Шоиру нависандагони дигари тоҷик низ дар ситоишу тавсифи дӯстӣ суханони баланду дилписанд гуфтаанд. Чунончи, ба фармудаи Фирдавсии суханофар,  ҳар дастае, ки бо дӯстиву рафоқат ба ҳам наомадааст, бебақост, монанди лашкари пароканда аст ва:

Пароканда лашкар наояд ба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

Дӯстӣ қувваҳоро муттаҳиду сарҷамъу афзунтар месозад, зиндагиро рангину ширину пурмаънӣ мекунад.

Sahidod РахматуллозодаДар робита ба ин мавзӯъ директори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои ҶТ Сахидод Раҳматуллозода чунин иброз намуд: «Дар забони тоҷикӣ калимаи дӯстӣ яке аз калимаҳои мусбат аст. Вақте калимаи дӯстиро мешунавӣ, дар замири одам эҳсоси бисёр нек пайдо мешавад. Чунки дӯстон, рафиқон, бародарон ва хешу ақрабое, ки дӯсташон медорӣ, пеши назар меоянд. Дӯстӣ ба одам бахту саодат меорад, яъне ҳамрадифи сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ шуда метавонад. Дар сурате ваҳдату ягонагӣ ва бародарӣ мешавад, ки агар бо ҳамдигар дӯст бошем.

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт,

-гуфтаи шоири сулҳҷӯи тоҷик устод Мирзо Турсунзода асос дорад. Хусусан дар замони муосир ба ин масъала таваҷҷуҳ кардани мо бисёр зарур аст. Чунки имрӯз на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми дунё ба дӯстӣ ниёз дорад. Мо бояд бо аҳли оила, ҳамсоягон ва қавму қабилаҳои гуногуни кишварамон дӯст бошем. Зеро дӯстӣ бевосита барои мустаҳкам шудани зиндагии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мусоидат мекунад. Дар баробари калимаҳои муқаддаси башарият-Ватан, Модар, Сулҳ, Ваҳдат дӯстӣ ҳам аз калимаҳои муқаддас ба шумор рафта, ба инсонҳо шодию фараҳ ва осоиш меорад».

Рахим МасовАкадемик Раҳим Масов дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, ки мардуми тоҷик ниҳоят мардуми меҳмоннавозу дӯстпарваранд ва дӯстонро бо тамоми вуҷудашон дӯст медоранду мепарваранд. Дар бораи робитаҳои дӯстонаи Ҷомиву Навоӣ, Айнию Ҳамза Ҳакимзода, Турсунзодаю Н. Тихонов ва монанди инҳо ҳикоятҳо хеле зиёданд, ки аз дӯстпарварии мардуми тоҷик шаҳодат медиҳанд. Имрӯз  Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллати мо  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба эътидол овардани вазъият дар кишвари ҳамсоя-Афғонистон низ аз минбарҳои баланд сухан гуфта, барои кумак аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоранд. Ба андешаи  Раҳим Масов, сабаби асосии сар задании воқеаҳое, ки дар Шарқи Наздик ба амал омадаанд,  -ин гум шудани дӯстии байни инсонҳо ва халқҳо мебошад.  «Ҳақиқат аст, ки саодату камолоти ҳар миллату давлат ва бахту иқболи баланди онҳо аз робитаи дӯстӣ пойдор мегардад»,-илова намуд донишманди тоҷик.

Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло низ бар он назар аст, ки дар байни мардуми мо ва фарҳанги башардӯстонаи халқи мо дӯстиву рафоқат, суннатҳои ҳамсоягиву дастгирӣ аз ҳамсояҳо,   баровардани ҳоҷати ҳамдигар собиқаи дерина дорад. Тамоми маросимҳои халқиву миллии мо ҳадафашон ҳаммаромиву баҳамоии инсонҳо, таҳкими дӯстӣ мебошад.  Баландтарин баҳогузориро дар ситоиши дӯстӣ низ Бобо Тоҳири  Урён бо лаҳни соф тоҷикӣ ҳанӯз дар асри 10 кардааст, ки наметавон баландтар аз он дӯстиро сутуд:

Бувад дарди ману дармонам аз дӯст,

Бувад васли ману ҳиҷронам аз дӯст.

Агар қассобам аз тан вогирад пӯст,

Ҷудо ҳаргиз нагардад ҷонам аз дӯст!

Оё кӣ метавонад баландтар аз ин дӯстиро баҳо гузорад?

Камол Насрулло-3

 

Дӯстӣ ойинаест, ки дар он зиндагӣ ва рӯзгори  шоиставу зебо таҷассум меёбад. Душманӣ,  баръакс, нотинҷиву харобӣ ба бор меорад, инсонҳоро маъюсу дилшикаста мегардонад, ободиҳоро хароб месозад, халқҳоро хонабардӯшу  бадбахт мекунад.

Ба андешаи Камол Насрулло, беҳтарин дороие, ки инсон дар зиндагӣ метавонад ба даст орад, на симу зару молу мулку давлати дунёст, зеро инҳо ҳама бақо надоранд ва касе наметавонад чунин дороиҳоро бо худ бубарад. Беҳтарин дороии инсон дар ин дунё инсон аст, яъне дӯстонанд ва доротар касест, ки дӯстони бештар дорад ва мегӯяд:

Чароғам дар дили шабҳо бувад дӯст,

Умеди ҳозиру фардо бувад дӯст,

Сутуни эътимоду эътиқодам,

Сутуни бовари дунё бувад дӯст.

“Мо, тоҷикон миллати сулҳпарвару дӯстхоҳем ва фарҳанги ҳазоронсолаи мо низ ҳамеша дӯстиро сутудааст. Тамоми суннатҳои миллии мо башардӯстонаву инсонпарварона мебошанд. Наврӯзи мо худ ойинаи сулҳу салоҳу дӯстиву ҳамдилии инсонҳову халқҳост. Ва яке аз суннатҳои волои Наврӯзи мо, ки дар олам назир надорад, ин аст, ки дар рӯзи Наврӯз одамон гуноҳҳои ҳамдигарро мебахшанд  ва душманон дӯст мешаванд. Ин яке аз шартҳои Наврӯзи аҷам аст, ки ғояти баланди сулҳу дӯстиву инсонигарист.

Аз ин рӯ сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллатамон низ инсондӯстонаву башардӯстона аст ва сиёсати дарҳои кушоди кишвари мо чунин маъно дорад, ки дарҳои мо ҳамеша ба рӯи дӯстон бозанд.

Диёри мо диёри сулҳу ёрист,

Диёри меҳру ишқу дӯстдорист,

Ба хокаш дона резад, сулҳ рӯяд,

Аҷаб пурфайзу пурэҳсон диёрест”,

-илова намуд Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло.

Бояд зикр намуд, ки дар ҷаҳони муосир ҷомеаи моро зарур аст, ки ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи дӯстию рафоқат ва ҳамдилию мададгорӣ эътибори  ҷиддӣ диҳад.  Тарбияи дӯстӣ бояд ҷузъи муҳими тарбияи ахлоқӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи мо бошад. Инсонҳо бояд аз хурдӣ аҳамияту моҳияти дӯстӣ, неруи тавонои онро донанд, бо ҳамдигар дӯстию рафоқати самимӣ барқарор кунанд, ба қадри дӯст ва дӯстӣ бирасанд.

                                                     Мавҷуда АНВАРӢ

Июль 30, 2017 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд
Суғуртаи автомобилӣ ба тариқи онлайн: зуд ва ба даст овардани 10 фоиз маблағи сарфкарда
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Алишер Идизода муовини якуми раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
Аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳо дар пиряхи Зарафшон экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронида шуд