Пагоҳ нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Палатаи савдо ва саноат, «Телевизиони Сафина», донишгоҳҳои тиббӣ ва техникии Тоҷикистон баргузор мешаванд

Июль 11, 2017 10:40

ДУШАНБЕ, 11.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи нақшаи таҳиягардида пагоҳ, 12 июли соли 2017  нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва  ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»,  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд.

Нишасти матбуотии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 8:30 дар бинои Палатаи савдо ва саноат, нишасти матбуотии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва  ҷашну маросимҳои миллӣ соати 9:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар», нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, соати 8:00 дар бинои Донишгоҳ (хиёбони Рӯдакӣ 139), нишасти матбуотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон соати 10:00 дар бинои Донишгоҳи мазкур, нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» соати 11:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар», нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 11:00 дар бинои вазорати тандурустӣ ва нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода соати 15:00 дар шаҳри Турсунзода мегузаранд.

Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2011 ҳар сол ду маротиба гузаронида мешаванд.

Нақшаи баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ аз тарафи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ шуда, мутассадиён пас аз баргузор гардидани нишасти матбуотӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот манзур менамоянд.

Хотиррасон мешавем, ки вақти баргузории нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби масъулони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳурияии «Ховар» гузаронидан мувофиқа карда мешаванд.

Июль 11, 2017 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад