Пагоҳ нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Палатаи савдо ва саноат, «Телевизиони Сафина», донишгоҳҳои тиббӣ ва техникии Тоҷикистон баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 11.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи нақшаи таҳиягардида пагоҳ, 12 июли соли 2017 нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд.
Нишасти матбуотии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 8:30 дар бинои Палатаи савдо ва саноат, нишасти матбуотии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ соати 9:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар», нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, соати 8:00 дар бинои Донишгоҳ (хиёбони Рӯдакӣ 139), нишасти матбуотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон соати 10:00 дар бинои Донишгоҳи мазкур, нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» соати 11:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар», нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 11:00 дар бинои вазорати тандурустӣ ва нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода соати 15:00 дар шаҳри Турсунзода мегузаранд.
Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2011 ҳар сол ду маротиба гузаронида мешаванд.
Нақшаи баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ аз тарафи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ шуда, мутассадиён пас аз баргузор гардидани нишасти матбуотӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот манзур менамоянд.
Хотиррасон мешавем, ки вақти баргузории нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби масъулони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳурияии «Ховар» гузаронидан мувофиқа карда мешаванд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






