Дар Қӯрғонтеппа давоми шаш моҳ 984 адад санҷиши санитарӣ гузаронида шуд
ҚӮРҒОНТЕППА, 28.07.2017 /АМИТ «Ховар» /. Аз тарафи мутахассисони Маркази назорати санитарию эпидемиологии шаҳри Қӯрғонтеппа аз аввали соли равон 984 адад санҷишҳои санитарӣ гузаронида, нисбат ба вайронкунандагони коидаҳои санитарӣ 128 санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Ҳамчунин нисбат ба 99 нафари онҳо ба маблағи 1800 сомонӣ ҷарима таъйин карда шудааст.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ба фаъолияти 48 адад иншооти амалкунанда, ки ба талаботи қоидаҳои санитарӣ пештар ҷавобгӯ набуданд, баъд аз иҷрои пешниҳоди додашуда иҷозат дода шуд.
Вазъи бемориҳои сирояткунанда мўътадил буда, алангаи паҳншавии ин бемориҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба қайд гирифта нашудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






