Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Буҳрони ҷаҳонӣ сабабгори аслии иҷро нагардидани нақшаи андози иҷтимоӣ гардид»
ДУШАНБЕ, 21.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 102,1 % таъмин гардида, ба ҷойи 4 млрд. 466,3 млн. сомонии пешбинишуда ба буҷет 4 млрд. 559,1 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 92,9 млн. зиёд мебошад. Ин нуктаро имрӯз Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Бино ба иттилои Нусратулло Давлатзода, дар шашмоҳаи аввали соли 2017 дар ҷумҳурӣ 296 122 адад субъектҳои хоҷагидор фаъолият менамоянд, ки то ба ҳолати 1 июли соли 2017-ум 7439 адад зиёд шудааст.
Роҳбари мақомоти давлатии андози кишвар ҳамзамон иттилоъ дод, ки нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ дар давраи ҳисоботӣ ба андозаи 96,9 % таъмин карда шуд ва дар натиҷа ба ҷойи 758,9 млн. сомонии пешбинишуда ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 735,8 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 23,2 млн. сомонӣ кам мебошад.
«Таҳлилу омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои асосии таъмин нагардидани иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ дар он аст, ки дар нимсолаи аввали соли 2017 бинобар таъсири буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва вобаста ба он ногувор гардидани шароити молиявии андозсупорандагон музди меҳнат дар як қатор корхонаҳо кам афзоиш ёфта, дар баъзе корхонаҳои дигар шумораи коргарон нисбатан кам шуд»,-зикр намуд Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






