Рамазон Раҳимзода аз омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронии мақомоти милитсияи Суғд дидан мекунад

Июль 12, 2017 16:48

ДУШАНБЕ, 12.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода ба вилояти Суғд  сафари корӣ доир намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, сафари вазир қабл аз ҳама бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои ободониву созандагӣ, мавриди истифода қарор додани бинову иншоотҳои навбунёди мақомот, боздид аз рафти ҷамъоварии ҳосил дар хоҷагиҳои ёрирасони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва мулоқот бо масъулини мақомоти милитсияи вилоят доир ба омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 сурат мегирад.

Дар доираи сафари корӣ Вазири корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ташриф оварда, ҷиҳати  бунёди хобгоҳи замонавӣ барои кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсия бо навиштани нома ба наслҳои оянда санги асос гузошт. Ҳамчунин Вазири корҳои дохилӣ зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншооти навбунёд ба роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилоят ва ширкати сохтмонӣ ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастурҳои иловагӣ дод.

Ба иттилои манбаъ бинои мазкур дар арафаи ҷашни «26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди истифода қарор дода мешавад.

 

 

Июль 12, 2017 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад