Рамазон Раҳимзода аз омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронии мақомоти милитсияи Суғд дидан мекунад
ДУШАНБЕ, 12.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода ба вилояти Суғд сафари корӣ доир намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, сафари вазир қабл аз ҳама бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои ободониву созандагӣ, мавриди истифода қарор додани бинову иншоотҳои навбунёди мақомот, боздид аз рафти ҷамъоварии ҳосил дар хоҷагиҳои ёрирасони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва мулоқот бо масъулини мақомоти милитсияи вилоят доир ба омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 сурат мегирад.
Дар доираи сафари корӣ Вазири корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ташриф оварда, ҷиҳати бунёди хобгоҳи замонавӣ барои кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсия бо навиштани нома ба наслҳои оянда санги асос гузошт. Ҳамчунин Вазири корҳои дохилӣ зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншооти навбунёд ба роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилоят ва ширкати сохтмонӣ ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастурҳои иловагӣ дод.
Ба иттилои манбаъ бинои мазкур дар арафаи ҷашни «26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди истифода қарор дода мешавад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






