Рисолаи нави пизишки ҳозиқ аз чоп баромад

Июль 26, 2017 09:58

ДУШАНБЕ, 26.07.2017 /АМИТ «Ховар»/ Дар нашриёти «Донишварон» таҳти унвони «Дил, рўҳ ва инсон» рисолаи нави илмӣ-публитсистӣ бо теъдоди панҷсад нусха аз чоп баромад.

Рисолаи мазкур натиҷаи заҳмати чандинсолаи пизишки маъруфи рўҳшиносу равоншифо, номзади илмҳои тиб, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷон Нодирӣ мебошад, ки солҳои тўлонӣ тавассути гипноз, сўзанзанӣ, гиёҳдармонӣ ва усули мануалӣ ба табобати беморон машғул аст.

Баъзе аз маводи ин рисола қаблан дар рўзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон, Россия ва Эрон интишор гардида, аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳаи тиб бо хушнудӣ ва қадрдонӣ пазируфта шудаанд.

Дар саҳифаҳои алоҳидаи китоб чеҳраҳои намоёни кишвар дар бораи сифатҳои инсонӣ ва дастовардҳои касбии Саидҷон Нодирӣ ибрози назар кардаанд.

Рисолаи мазкур барои доираи васеи хонандагон ва алалхусус донишҷўёну кормандони соҳаи тиб муфид хоҳад буд.

Июль 26, 2017 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд