Руҳулло Ҳакимзода: «Амонатбонк» барои ба кор ҷалб намудани маъюбон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад»

Июль 18, 2017 11:53

ДУШАНБЕ, 18.07.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» 14 нафар маъюбон бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Раиси Раёсати БДА «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки «Амонатбонк» минбаъд низ ҷиҳати дастгирӣ намудан ва бо кори доимӣ таъмин намудани маъюбон тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то онҳо ба фаъолияти корӣ ҷалб карда шаванд.

Ба гуфтаи Руҳулло Ҳакимзода: «Ҷиҳати дастгирӣ ва бо кор таъмин намудани маъюбон «Амонатбонк» бо Омӯзишгоҳи касбии техникии маъюбон, воқеъ дар шаҳри Душанбе ҳамкориро ба роҳ монда, ҳамасола 25 нафар донишҷӯёнро барои коромӯзӣ ба  бонк ҷалб мекунад».

Зикр карда шуд, «Амонатбонк» дар самти дастгирӣ ва ҷалби кадрҳои масъулиятноку баландихтисос, бахусус занону ҷавондухтарон таваҷҷуҳи хоса дорад. Ин раванд таҳти назорати доимии роҳбарияти Бонк қарор дошта, дар ин самт корҳо бомаром идома доранд.

 

 

Июль 18, 2017 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик