Сабабҳои иҷро нагардидани нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ дар чист?

Июль 20, 2017 16:00

ДУШАНБЕ, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти гумруки Тоҷикистон  аз иҷро нагардидани нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ дар кишвар  дар нимсолаи аввали соли  2017  хабар  медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар ин давра ба буҷети давлатӣ 1 миллиарду 964 миллион сомонӣ аз ҳисоби ҷамъоварии  боҷу хироҷи гумрукӣ ворид карда шудааст, ки ин ба 90,9  фоизи нақшаи пешбинишуда баробар  аст. Ҳол он ки дар  нимсолаи аввали соли 2017  нақшаи  пардохтҳои гумрукӣ  2 миллиарду 163 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида буд.

Яке аз сабабҳои  иҷро нагардидани нақшаи ҷамъоварии    пардохтҳои гумрукиро сардори Хадамоти  гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдуфаттоҳи Ғоиб ба коҳиш ёфтани ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ, бахусус коҳишёбии  воридоти молу маҳсулоти андозбандишаванда  ба кишвар рабт дод.  Мавсуф дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод, ки дар ин давра  ба ҷумҳурӣ ба маблағи 1 миллиарду 246 миллион  доллар молу маҳсулот ворид карда шудааст, ки  ин ин  рақам нисбат  ба ҳамин давраи соли гузашта 253 миллион доллар  ё  наздики 17 фоиз  коҳиш ёфтааст.

Ҳамзамон, бино ба гуфтаи сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,    гарон будани тарифҳои  транзити роҳи оҳани Ӯзбекистон, мушкилоти интиқоли молу маҳсулот тавассути  қаламрави Афғонистон  вобаста ба авзои ноороми ин кишвари ҳамҷавор, паст гардидани қобилияти харидории мардум дар робита ба  кам ворид шудани маблағ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ  ва коҳиш ёфтани воридоти молҳое, ки  истеҳсолашон дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудаанд, аз қабили  семент, орд, гандум,  қолин, ангишт,  маҳсулоти қаннодӣ, маҳсулоти аз семент, асбест ва гаҷ  истеҳсолгардида, инчунин аз супоридани пардохтҳои гумрукӣ озод намудани баъзе ширкатҳо ҷиҳати воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ  аз сабабҳои дигари иҷро нагардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар ин давра  арзёбӣ  мегардад.

Июль 20, 2017 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид