Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

Июль 5, 2017 11:00

ДУШАНБЕ, 05.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф бо сафари расмии дурӯза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Меҳмони олиқадрро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Маросими истиқболи расмии Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф имрӯз дар Қасри миллат оғоз мегардад.

Муҳаммад Навоз Шариф дар доираи сафари расмӣ ба Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот анҷом медиҳад.

Ҳамчунин Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф дар мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон иштирок мекунад, ки зимни он ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳамкории се давлатро дар соҳаҳои сиёсату иқтисод ва амният баррасӣ менамоянд.

6 июл бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори лоиҳаи CASA-1000 баргузор мегардад.

DSC_0113+ (1)DSC_0113+ (2)

Июль 5, 2017 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид