Ширкати «IRS» тамғаи молиашро (бренди худро) иваз менамояд
ДУШАНБЕ, 29.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шурўъ аз 1 августи соли 2017 филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари мавриди истифода қарор додани плазаҳои нав ба ҷои плазаҳои айни замон амалкунанда тамғаи молии (бренди) худро иваз менамояд.
Тавре аз Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тамғаи молии нав моҳияти фаъолияти филиали Ширкатро дар заминаи рамз – роҳи нопайдоканор, ки аз масири Кураи Замин гузаштааст, ба таври возеҳ бозгўӣ менамояд. Ба ғайр аз ин, номи филиали Ширкат бо ҳарфҳои хонову зебо ва тибқи талаботи замони муосир инъикос шудааст.
«Омодасозии тамғаи нави молии филиали Ширкат бо риояи тамоми назокатҳои бахши брендсозӣ аз ҷониби мутахассисони ҳирфаӣ сурат гирифта, муътақидем, ки писанди ҳамагон хоҳад гардид. Навсозии тамғаи молӣ ба муарррифии шоистаи филиали Ширкат дар дохил ва хориҷи мамлакат рабт дошта, ба ин васила баҳри тарғиб ва шинохти он имкони фарохтар фароҳам оварда мешавад. Дар робита ба масъалаи мавриди назар ба тамоми раванди фаъолият, ки дар он бренди филиали Ширкат истифода мешавад, тағйирот ворид шуда, аз ин пас раванди муаррифӣ, тарғиб ва ташвиқи филиали Ширкат бо истифода аз тамғаи молии нав сурат мегирад»,- афзуд манбаъ.
Ширкати «IRS» барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгўй ба талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани рисолаташ имконият ва шароити зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидорро доро буда, аз онҳо самаранок истифода менамояд.
Айни замон теъдоди техникаҳои филиали Ширкат зиёда аз 181 ададро ташкил медиҳад. Чанде пеш боз 10 техникаи пуриқтидори дигар ба пойгоҳи техникии филиали Ширкат ворид шуданд, ки ба беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ мусоидат хоҳанд намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






