Ширкати «IRS» тамғаи молиашро (бренди худро) иваз менамояд

Июль 29, 2017 10:53

ДУШАНБЕ, 29.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шурўъ аз 1 августи соли 2017 филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари  мавриди истифода қарор додани плазаҳои нав ба ҷои плазаҳои айни замон амалкунанда тамғаи молии (бренди) худро иваз менамояд.

Тавре аз Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тамғаи молии нав моҳияти фаъолияти филиали Ширкатро дар заминаи рамз – роҳи нопайдоканор, ки аз масири Кураи Замин гузаштааст, ба таври возеҳ бозгўӣ менамояд. Ба ғайр аз ин, номи филиали Ширкат бо ҳарфҳои хонову  зебо ва тибқи талаботи замони муосир инъикос шудааст.

«Омодасозии тамғаи нави молии филиали Ширкат бо риояи тамоми назокатҳои бахши брендсозӣ аз ҷониби мутахассисони ҳирфаӣ сурат гирифта, муътақидем, ки  писанди ҳамагон хоҳад гардид. Навсозии тамғаи молӣ ба муарррифии шоистаи филиали Ширкат дар дохил ва хориҷи мамлакат рабт дошта, ба ин васила баҳри тарғиб ва шинохти он имкони фарохтар фароҳам оварда  мешавад. Дар робита ба масъалаи мавриди назар ба тамоми раванди фаъолият, ки дар он бренди филиали Ширкат истифода мешавад, тағйирот ворид шуда, аз ин пас раванди муаррифӣ, тарғиб ва ташвиқи филиали Ширкат бо истифода аз тамғаи молии нав сурат мегирад»,-  афзуд манбаъ.

Ширкати  «IRS» барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгўй ба талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ  намудани  рисолаташ имконият ва шароити зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат,  корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидорро доро буда, аз онҳо самаранок истифода менамояд.

Айни замон теъдоди техникаҳои филиали Ширкат зиёда аз 181 ададро ташкил  медиҳад.   Чанде пеш  боз 10 техникаи пуриқтидори дигар ба пойгоҳи техникии филиали Ширкат ворид шуданд, ки ба беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ мусоидат хоҳанд намуд.

Июль 29, 2017 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд