Соҳаи кооператсияи матлубот дар Тоҷикистон ба таври чашмрас рушд ёфтааст

Июль 7, 2017 15:15

ДУШАНБЕ, 07.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Дар зарфи 25-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи кооператсияи матлубот дар  кишварамон ба рушди чашмрас ноил гардид»,- мегӯяд  мудири  шуъбаи  ташкилии  Дастгоҳи  Иттифоқи  «Тоҷикматлубот» Абдураҳмон  Изатуллоев. Мавсуф ин матлабро дар ҳоле гуфт, ки шанбеи аввали моҳи июл кормандони  кооператсияи матлуботи Тоҷикистон иди касбии худро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд.

 

 Бояд тазаккур дод, ки 16 декабри  соли 1992  Маҷмааи кулли  Созмони Милали Муттаҳид /СММ/  Эъломия қабул намуд, ки тибқи он ҳамасола дар саросари ҷаҳон шанбеи аввали моҳи июл Рӯзи байналмилалии кооператсияи матлубот  таҷлил мегардад. Санаи мазкур бо  мақсади ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон  ба фаъолияти кооператсия ҷиҳати тавсеаи шарикӣ байни  ҳаракати байналмилалии кооператсияҳо ва дигар субъектҳои  ҳуқуқи байналмилалӣ, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ   таҷлил мегардад.

Абдураҳмон Изатуллоев  таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон  ҳадаф ва вазифаҳои  Рӯзи байналмилалии кооператсияро дастгирӣ намуда, онҳоро дар асоси санадҳои қонунгузории  миллии кишвар иҷро менамояд.  Мавсуф афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  на танҳо аъзои Алянси байналмилалии  кооперативӣ, балки ба узвияти лигаи Иттифоқи кооператсияи матлуботи Итттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ пазируфта шудааст,  ки ҳадафаш рушди ҳамкории судманд  байни Иттифоқҳои кооператсияи  кишварҳои ИДМ,  омода намудани мутахассисони ботаҷрибаи соҳа мебошад.

 Бо дахли рушди соҳаи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-  и кишвар афзуд, ки бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи кооператсияи матлубот беш аз пеш рушд  менамояд. Дар ҷумҳурӣ корхонаҳои нави саноатӣ,  бозорҳо, марказҳои нави тиҷоратию хизматрасонӣ  ташкил гардида, имконият медиҳанд, ки   сатҳи некуаҳволӣ дар кишвар баланд бардошта шавад. Инчунин ин раванд дар самти татбиқи яке аз се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон —  таъмини амнияти озуқавории кишвар,  инчунин баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии ҷомеа, таъминоти аҳолӣ бо молҳои ниёзи аввал ва маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамояд.  Алҳол дар Тоҷикистон  73 бозор фаъолият менамояд, ки  тобеи  Иттифоқи «Тоҷикматлубот» мебошанд.   Аз 73 бозор 37 тоаш ҳамарӯза  ва 20 бозори дигар  ҳафтае як маротиба кор мекунанд.  Инчунин 16 бозор барои хариду фурӯши чорвои майда ва калони шохдор ё ба ибораи мардум молбозор, махсусгардонида шудаанд, ки дорои 3 ҳазору 154 нуқтаи фурӯш мебошанд.

 Ҳамзамон Абдураҳмон Изатулоев афзуд, ки  кооператсияи матлубот дар Тоҷикистон  яке аз бахшҳои иқтидори иқтисодии кишварамон буда, дар самти таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо молҳои  мавриди ниёзи аввал ва  баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ  нақши муассир мегузорад. Алҳол  дар  се вилояти Тоҷикистон- Суғду Хатлон ва Бадахшон Иттифоқи ҷамъиятҳои матлубот ва дар 47 шаҳру ноҳияҳои кишвар  ҷамъиятҳои матлубот дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки моҳи январи соли 2008 дар таҳрири нав қабул гардида буд,  фаъолияти самаранок доранд.  Инчунин Иттифоқи «Тоҷикматлубот» созмондиҳандаи се муассисаи таълимии кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон,  литсейи  касбии назди донишгоҳи мазкур ва Донишгоҳи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд мебошад, ки дар заминаи ин муассисаҳои таълимӣ мутахассисони ҳирфаӣ   дар бахши коопертсияи матлубот омода карда мешаванд.

                                                               Марзия САИДЗОДА

 

Июль 7, 2017 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаким Фирдавсӣ камоли бузургвории устод Рӯдакиро дар забону адаби мо дар «Шоҳнома» мавриди ситоиш қарор додааст
Оид ба пешниҳоди «Стратегияи миллии идоракунии партовҳо то соли 2040» ҷаласаи корӣ доир гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Татбиқи инноватсия дар фаъолияти китобдорӣ муҳим аст
Дар Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, шанбе, 263-юмин рӯзи соли 2025 аст
Ҳамкории мақомоти ноҳияи Шаҳринав ва Сафорати Ҷопон дар самти рушди соҳаи маориф тақвият меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Интернети хонагӣ бештар дастрас гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ИМА барои дастгирии аҳолии Тоҷикистон 75 тонна ғизои ғанигардонида кумак расонид