Суғд: 45 нафар занону духтарони ҳунарманд соҳиби грант гардиданд
ХУҶАНД, 22.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. 45 нафар занону духтарони ҳунарманд аз шаҳру навоҳии вилоят соҳиби Гранти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гардида, минбаъд бо маблағи ба даст овардаашон 464 нафар занони хонанишинро соҳиби касб ва ҷойи корӣ хоҳанд кард.
Дар маросими тақдими грантҳо Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зикр намуд, ки таъсиси ин грантҳо имкон медиҳанд, ки занони хонанишин соҳиби касб гардида, шароити иҷтимоии оилавии хешро беҳтар созанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» масъулин аз Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баён доштанд, барои дарёфти грант, хусусан лоиҳаҳо барои эҳёи ҳунарҳои миллӣ, аз қабили ташкили маҳфил ва коргоҳҳои қолинбофӣ, адрасбофӣ, дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, рушди асалпарварӣ маҳфили манзара, нигорӣ, рассомӣ ва таъсиси марказҳои ҳунаромӯзӣ пешниҳод шуда буданд.
Бояд гуфт, ки теъдоди грантҳо соли равон нисбат ба соли гузашта 15 адад ва маблағи грант ба 105 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, 16 нафар соҳибзанҳои вилоят ба гирифтани Гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муваффақ гаштанд. Ҳамзамон аз 226 маркази таълимӣ — истеҳсолӣ, ки 66 адади он ба қолинбофӣ ва 160 адади дигар ба истеҳсоли атласу адрас машғул мебошад, дар ин муддат беш аз 2670 нафар шогирдонон соҳиби касбу кор гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






