Суғд: 45 нафар занону духтарони ҳунарманд соҳиби грант гардиданд

Июль 22, 2017 11:57

ХУҶАНД, 22.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. 45 нафар занону духтарони ҳунарманд аз шаҳру навоҳии вилоят соҳиби Гранти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гардида, минбаъд бо маблағи ба даст овардаашон 464 нафар занони хонанишинро соҳиби касб ва ҷойи корӣ хоҳанд кард.
Дар маросими тақдими грантҳо Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зикр намуд, ки таъсиси ин грантҳо имкон медиҳанд, ки занони хонанишин соҳиби касб гардида, шароити иҷтимоии оилавии хешро беҳтар созанд.
Суғд 45 нафар занони ҳунармард соҳиби гранти мақомоти вилоятӣ гаштандТавре ба АМИТ «Ховар» масъулин аз Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баён доштанд, барои дарёфти грант, хусусан лоиҳаҳо барои эҳёи ҳунарҳои миллӣ, аз қабили ташкили маҳфил ва коргоҳҳои қолинбофӣ, адрасбофӣ, дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, рушди асалпарварӣ маҳфили манзара, нигорӣ, рассомӣ ва таъсиси марказҳои ҳунаромӯзӣ пешниҳод шуда буданд.
Бояд гуфт, ки теъдоди грантҳо соли равон нисбат ба соли гузашта 15 адад ва маблағи грант ба 105 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, 16 нафар соҳибзанҳои вилоят ба гирифтани Гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муваффақ гаштанд. Ҳамзамон аз 226 маркази таълимӣ — истеҳсолӣ, ки 66 адади он ба қолинбофӣ ва 160 адади дигар ба истеҳсоли атласу адрас машғул мебошад, дар ин муддат беш аз 2670 нафар шогирдонон соҳиби касбу кор гардиданд.

 

Июль 22, 2017 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар