Суғд: корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи беш аз 230 млн. доллари амрикоӣ ба хориҷа маҳсулот содирот намуданд
ХУҶАНД, 21.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми шаш моҳи аввали соли 2017 корхонаву коргоҳҳои саноатии вилояти Суғд бо 48 давлати хориҷӣ муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба роҳ монда, дар маҷмуъ ба маблағи 230,7 млн. доллари амрикоӣ маҳсулот содирот намуданд. Ин матлаб зимни баргузории маҷлиси фаъолон доир ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 6 моҳи аввали соли равон аз ҷониби муовини якуми Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода баён гардид.
Ба иттилои мавсуф, корхонаҳои саноатӣ дар ин давра дар маҷмӯъ ба маблағи 4,3 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, суръати афзоиши истҳсоли маҳсулот 137,3 фоизро ташкил додааст. Ҳамчунин дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят ба 6,4 миллиард сомонӣ расида, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 830 миллион сомониро ташкил додааст ва нақшаи қисми даромадҳои буҷети давлатӣ ба андозаи 109,9 фоиз таъмин гардидааст.
Дар маҷмӯъ, дар нимсолаи аввали соли 2017 гардиши савдои хориҷии вилоят ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 78,5 фоиз ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷаи дур 21,5 фоиз рост омада, маҳсулоти истеҳсолии коргоҳҳои вилоят дар ин давра бештар ба Қазоқистон, Чин, Ӯзбекистон, Туркия ва Италия содирот шудаанд.








Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






