Суғд: корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи беш аз 230 млн. доллари амрикоӣ ба хориҷа маҳсулот содирот намуданд

Июль 21, 2017 09:50

ХУҶАНД, 21.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар давоми шаш моҳи аввали соли 2017 корхонаву коргоҳҳои саноатии вилояти Суғд бо 48 давлати хориҷӣ муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба роҳ монда, дар маҷмуъ ба маблағи 230,7 млн. доллари амрикоӣ маҳсулот содирот намуданд. Ин матлаб зимни баргузории  маҷлиси фаъолон доир ба ҷамъбасти  нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 6 моҳи аввали  соли равон аз ҷониби муовини якуми Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода баён гардид.

Ба иттилои мавсуф, корхонаҳои саноатӣ дар ин давра дар маҷмӯъ ба маблағи  4,3 млрд. сомонӣ  маҳсулот истеҳсол намудаанд,   суръати афзоиши истҳсоли маҳсулот 137,3 фоизро  ташкил додааст. Ҳамчунин дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят ба 6,4 миллиард сомонӣ расида,  афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 830 миллион сомониро ташкил додааст ва  нақшаи қисми даромадҳои буҷети давлатӣ ба андозаи 109,9 фоиз таъмин гардидааст.

Дар маҷмӯъ, дар нимсолаи аввали соли 2017 гардиши савдои хориҷии вилоят ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 78,5 фоиз ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷаи дур 21,5 фоиз рост омада, маҳсулоти истеҳсолии коргоҳҳои вилоят дар ин давра бештар ба  Қазоқистон, Чин, Ӯзбекистон, Туркия ва Италия   содирот шудаанд.

 

Июль 21, 2017 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
21 июл дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд
Пагоҳ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад