ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 23 июл, якшанбе, 204-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 161 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июль 23, 2017 09:09

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

23 июли соли 2010 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷаласаи шашуми Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа рафти иҷрои қарорҳои қаблии Шўро ва лоиҳаҳои ду санади нав — «Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои такмили идоракунии давлатӣ» ва «Барномаи мақсадноки устувор намудани иқтидори содиротии соҳаи коркарди мева ва сабзавот барои солҳои 2010-2012» баррасӣ шуданд.

 ***

8 сол пеш, 23 июли соли  2009 дар шаҳри Душанбе сессияи 20- уми Палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон даъвати сеюм баргузор гардид. Аъзои Маҷлиси миллӣ дар он ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи фаъолияти аперативӣ-ҷустуҷӯӣ» ва дигар Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикстонро, ки Маҷлиси намояндагон қабул намудааст, ҷонибдорӣ карданд.

***

  23 июли соли 2012 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси навтаъйини Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Патрисия Флор ва ҳамтои собиқи ӯ Пийер Морелро ба ҳузур пазируфта буданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷараёни татбиқи Созишномаи ҳамшарикӣ ва ҳамкорӣ ва Стратегияи Иттиҳод барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2007-2013 баҳои мусбат дода, изҳор доштанд: «Тоҷикистон ба таҳия ва қабули Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар минтақа манфиатдор аст».

 23 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии наҳанг.

 ***

Дар Осетияи Ҷанубӣ —  Рӯзи кормандони воситаҳои ахбори омма.

***

Дар Ҷумҳурии Абхазия – Рӯзи Парчами давлатӣ.

 РӮЙДОД:

23 июли соли 2009 дар Қирғизистон интихоботи президентӣ баргузор гардид.

***

  23 июли соли 2011 тими миллии Тоҷикистон оид ба  футбол бо тими миллии Сурия дар доираи давраи дуюми бозиҳои махсуси Чемпионати ҷаҳон-2014 қувваозмоӣ намуданд.  Бинобар  вазъи ноустувори Сурия бозӣ дар варзишгоҳи Шоҳ Абдуллоҳи Иордания баргузор гардида буд.

***

136 сол муқаддам, 23 июли соли 1881 дар шаҳри Лежаи Белгия Федератсияи байналмилалии гимнастика таъсис дода шудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1906 аввалин шумораи рӯзномаи « Ирон газет» бо забони осетӣ нашр шудааст.

***

23 июли соли 1992 Шӯрои Олии Абхазия истиқлолияти кишварашро аз Грузия эълон кардааст.

 ***

42 сол пеш аз ин,  дар ин рӯз соли 1975 Канада бандарҳои атлантикии худро барои киштиҳои моҳигирии Иттиҳоди Шӯравӣ баста буд.

***

23 июли соли 1993 Кумитаи байналмилалии олимпӣ Сиднейро  макони баргузории Олимпиадаи соли 2000 интихоб намуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

 Соли 1880 дар ИМА аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон неругоҳи барқи обии тиҷоратӣ таъсис дода шудааст.

 ***

Соли 2000  моҳвораи нави табиӣ — бузургтарин сайёраи системаи офтобии «Муштарӣ»  («Юпитер»)  кашф гардидааст.

 

Июль 23, 2017 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, ҷумъа, 327-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 317-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2024 аст