ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, панҷшанбе, 330-юмин рӯзи соли 2026 аст

Ноябрь 26, 2026 08:00

26 ноябри соли 2014  дар шаҳри Душанбе  пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан дар ҳузури сарони ду давлат Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Чехия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илмҳои тиббӣ ба имзо расонида шуд.

***

26 ноябри соли 2020 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон, генерал Надим Разаро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Покистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

26 ноябри соли 2022 бо ташаббуси ҷониби Фаронса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар оғози суҳбат Пешвои миллат аз ҷараёни рушди робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса давоми 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳамияти андешидани тадбирҳои муштараки минбаъдаро барои  татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои соли 2021 байни ду давлат дар ҷараёни музокироти сатҳи олӣ дар Париж бадастомада таъкид намуданд.

26 НОЯБР:

Рӯзи байналмилалии иттилоот.

***

Рӯзи байналмилалии кафшдӯзон.

***

Дар Абхазия – Рӯзи Конститутсия

РӮЙДОДҲО:

26 ноябри соли 2013 дар Тоҷикистон барои асардуздӣ ҷавобгарии маъмурӣ татбиқ карда шуд.

***

26 ноябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Чехия баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматноки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Женева масъалаи ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ муҳокима гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Олмон доир шуд.

***

26 ноябри соли 2021 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кори ҷаласаи 53-и Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) иштирок намуданд.

***

 Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Душанбе «Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он» баргузор гардид, ки дар он 400 тонна картошка ба сокинон пешниҳод гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1884 дар Русия ба амволи ғайриманқул андоз ҷорӣ гардид.

***

Соли 1949 Конститутсияи Ҳиндустон қабул карда шуд.

***

Соли 1964 барои нигоҳ доштани қурби фунт стерлинг Британияи Кабир аз бонкҳои хориҷӣ дар ҳаҷми 3 миллиард доллар заём гирифт.

***

Соли 1976  тамғаи тиҷоратии «Microsoft» ба қайд гирифта шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Тағоймурод Розиқов -соли 1946 — коргардон, ҳунарпешаи театр ва синамо, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1998).

Ноябрь 26, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш