То охири соли 2017 дар Душанбе тамоми лифтҳо аз таъмир бароварда мешаванд

Июль 14, 2017 16:17

ДУШАНБЕ, 14.07.2017. /АМИТ «Ховар»/. Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим имрӯз зимни нишасти матбуотии Хадамот дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» дар бораи дар давоми соли ҷорӣ аз таъмири пурра баровардани  лифтҳо дар шаҳри Душанбе   хабар дод.

Санъат Раҳим дар посух ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки ҳарчанд  солҳои қабл лифтҳо муддатҳои зиёд аз сабаби набудани лифттаъмиркунанда кор намекарданд, ҳоло, хушбахтона, аксарияташон ба кор даромадаанду танҳо дар нарасидани қисмҳои эҳтиётии онҳо мушкилӣ дида мешавад. Санъат раҳим ҳамчунин гуфт: «Мо ҳамкориро бо ширкатҳои  таъмиркунанда ва хизматрасони лифтҳо зиёд кардаем, ки дар ин самт пешравиҳо ба чашм мерасанд».

Бояд гуфт, ки айни ҳол, дар биноҳои маъмурии истиқоматии шаҳри Душанбе зиёда аз 1137 лифт насб карда шудаанд, ки ҳамаи онҳоро Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад.

 

 

Июль 14, 2017 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад