То охири соли 2017 дар Душанбе тамоми лифтҳо аз таъмир бароварда мешаванд
ДУШАНБЕ, 14.07.2017. /АМИТ «Ховар»/. Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим имрӯз зимни нишасти матбуотии Хадамот дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» дар бораи дар давоми соли ҷорӣ аз таъмири пурра баровардани лифтҳо дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Санъат Раҳим дар посух ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки ҳарчанд солҳои қабл лифтҳо муддатҳои зиёд аз сабаби набудани лифттаъмиркунанда кор намекарданд, ҳоло, хушбахтона, аксарияташон ба кор даромадаанду танҳо дар нарасидани қисмҳои эҳтиётии онҳо мушкилӣ дида мешавад. Санъат раҳим ҳамчунин гуфт: «Мо ҳамкориро бо ширкатҳои таъмиркунанда ва хизматрасони лифтҳо зиёд кардаем, ки дар ин самт пешравиҳо ба чашм мерасанд».
Бояд гуфт, ки айни ҳол, дар биноҳои маъмурии истиқоматии шаҳри Душанбе зиёда аз 1137 лифт насб карда шудаанд, ки ҳамаи онҳоро Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






