Варзишгари тоҷик Разиаллоҳ Лоиқов дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо соҳиби медали тилло шуд!

Июль 14, 2017 09:33

ДУШАНБЕ, 14.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. 13 июл дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Чемпионати 16-уми Осиё оид ба каратэ-до миёни наврасон ва ҷавонон ва дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон шуруъ шуданд. Дар ин қувваозмоиҳо  варзишагарони Тоҷикистон  соҳиби як медали тилло ва як медали  нуқра гардиданд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, паҳлавони наврас Разиаллоҳ Лоиқов дар вазни -66 кило чемпиони  Осиё оид ба дзюдо шуд. Ӯ дар марҳилаи муқаддамотӣ Чинг Лонг Вонг (аз Ҳонконг) ва  Достон Шайахметовро (аз Қазоқистон) шикаст дода, ба марҳилаи нимфинал роҳ ёфт. Разиаллоҳ дар нимфинал варзишгари дигари Қазоқистон Ислом Тахтасун ва дар финал паҳлавони Қирғизистон Нурсалим Иличбек Улуро мағлуб кард.

Дар чемпионати Осиё оид ба каратэ миёни ҷавонон бошад, Ҳоҷиқурбон Маҳмадов дар вазни -55 кило медали нуқра ба даст овард. Ӯ бар ҳарифонаш Артём Пак аз Қирғизистон ва  Каушик Аравинд аз Ҳиндустон ғалаба карда, дар финал аз варзишгари Индонезия Муктӣ Ваҳю шикаст хӯрд.

Варзишгардухтари тоҷик Нигина Давлатова дар ин мусобиқа дар вазни -53 кило миёни бонувон ҷои панҷумро ишғол намуд.

Ёдовар мешавем,ки чемпионати Осиё оид ба каратэ миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон то 16 июл идома меёбад.

Июль 14, 2017 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд