Вазорати молия: «Кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа сабаби пардохти саривақтии музди меҳнат, идрорпулӣ ва нафақапулӣ мегардад»
ДУШАНБЕ, 28.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сиёсати хориҷии Буҷети давлатӣ дар шаш моҳи авали соли 2017, пеш аз ҳама, ба рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, баланд бардоштани некӯаҳволӣ, таъмини бехатарии давлат ва озуқаворӣ, баланд бардоштани сифати таълим, беҳтар гардонидани саломатии аҳолӣ, сифати хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ ва рушди соҳаи иқтисодиёт равона карда шудааст. Ин нуктаро имрӯз, 28 июл муовини аввали Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иброз дошт.
«Дар давраи буҳрони ҷаҳонӣ ва таъсири манфии он ба иқтисодиёти ҷаҳон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кам кардани хароҷоти дуюмдараҷаро афзалияти кор донистааст, ки ин барои раҳоӣ аз буҳрон ва сари вақт пардохт намудани музди меҳнат, идрорпулӣ, нафақапулӣ ва дигар самтҳои муҳими иҷтимоии аҳолӣ кумак мерасонад»,- иброз дошт Ҷамшед Каримзода ва илова намуд: «Барои назорати ҳамаҷонибаи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи махсуси доимӣ ташкил карда шудааст».
Инчунин муовини аввали Вазири молия чунин гуфт: «Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки мошинҳои ёрирасон- ёрии таъҷилӣ, мошинҳои лабораторӣ, мошинҳои махсус барои бартараф кардани офатҳои табиӣ ва барои механизмҳои хоҷагии қишлоқ ба хароҷоти дуюмдараҷа дохил намешаванд ва онҳо аллакай маблағгузорӣ шудаанд».
«Дар натиҷаи гузаронидани аудит ва таҳлилҳо аз ҷониби Вазорати молия дар фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллӣ камбудиҳо ба маблағи 9,5 миллион сомонӣ, аз қабили маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо, хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ, камомад, тасарруфи воситаҳои пулӣ ва молӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ, зарар аз фурӯшу иҷораи амволи давлатӣ ва дигар камбудиҳо ошкор карда шуданд», -илова кард Ҷамшед Каримзода.








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






