Вазорати молия: «Кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа сабаби пардохти саривақтии музди меҳнат, идрорпулӣ ва нафақапулӣ мегардад»

Июль 28, 2017 11:58

ДУШАНБЕ, 28.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сиёсати хориҷии Буҷети давлатӣ дар шаш моҳи авали соли 2017, пеш аз ҳама, ба рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, баланд бардоштани некӯаҳволӣ, таъмини бехатарии давлат ва озуқаворӣ, баланд бардоштани сифати таълим,  беҳтар гардонидани саломатии аҳолӣ, сифати хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ ва рушди соҳаи иқтисодиёт равона карда шудааст. Ин нуктаро имрӯз, 28 июл муовини аввали Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода зимни нишасти матбуотӣ  ба рӯзноманигорон иброз дошт.

«Дар давраи буҳрони ҷаҳонӣ ва таъсири манфии он ба иқтисодиёти ҷаҳон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кам кардани хароҷоти дуюмдараҷаро афзалияти кор донистааст, ки ин барои раҳоӣ аз буҳрон ва сари вақт пардохт намудани музди меҳнат, идрорпулӣ, нафақапулӣ ва дигар самтҳои муҳими иҷтимоии аҳолӣ кумак мерасонад»,- иброз дошт Ҷамшед Каримзода ва илова намуд: «Барои назорати ҳамаҷонибаи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи махсуси доимӣ  ташкил карда шудааст».

Инчунин муовини аввали Вазири молия чунин гуфт: «Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки мошинҳои ёрирасон- ёрии таъҷилӣ, мошинҳои лабораторӣ, мошинҳои махсус барои бартараф кардани   офатҳои табиӣ ва барои механизмҳои хоҷагии қишлоқ ба хароҷоти дуюмдараҷа дохил намешаванд ва онҳо аллакай маблағгузорӣ шудаанд».

«Дар натиҷаи гузаронидани аудит ва таҳлилҳо аз ҷониби Вазорати молия дар фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллӣ камбудиҳо ба маблағи 9,5 миллион сомонӣ, аз қабили маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо, хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ, камомад, тасарруфи воситаҳои пулӣ ва молӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ, зарар аз фурӯшу иҷораи амволи давлатӣ ва дигар камбудиҳо ошкор карда шуданд», -илова кард Ҷамшед Каримзода.

Июль 28, 2017 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Дар Минск ҳамкории мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Русия дар самти муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Парвозҳои ҳавоӣ байни Душанбе ва Давҳа барқарор мегарданд
Дар Душанбе Конфронси панҷуми байналмилалии роҳдории Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ баргузор шуд
Намояндагони «Тоҷикаэронавигатсия» бо раванди таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Академияи давлатии авиатсияи Беларус шинос гардиданд