Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба сокинони кӯчаи Айнии пойтахт майдончаи варзишию истироҳатӣ туҳфа намуд

Июль 29, 2017 10:48

ДУШАНБЕ, 29.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар  асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод  ва савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди биноҳои истиқоматии №6 ва 8–и  кӯчаи  Айнӣ 14, ноҳияи Шоҳмансури  шаҳри Душанбе як майдончаи зебову замонавии  варзишию истироҳатӣ  мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ба АМИТ «Ховар»   иттилоъ доданд, майдончаи варзишӣ  бо маблағи  563   ҳазор сомонӣ дар масоҳати 1160 метри мураббаъ бунёд ёфта, корҳои сохтмониву васлкунии майдончаи мазкур  аз ҷониби Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ғолиби озмуни тендерӣ гардида буд,  бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Ба ғайр аз ин, дар масоҳати зиёда аз 600 метри мураббаъ берун аз лоиҳаи корӣ, корҳои ободонӣ ва сабзазоркунӣ иҷро карда шудаанд.

Дар ифтитоҳи  расмии ин майдончаи варзишӣ муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода,  муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ  ва дигар масъулини шаҳру ноҳияҳои пойтахт  иштирок намуданд.

Иштироккунандагон  зикр карданд, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон  баҳри таъмин ва  муҳайё намудани  шароит зист ва  фароғати  кӯдакон  пайваста талош меварзад, то онҳо  аз даврони ширини кӯдакӣ баҳра баранд.

Хотиррасон менамоем, ки  дар шаҳри Душанбе  аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор сохтмони 70 майдончаи варзишӣ  бомаром идома дорад. Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, то имрӯз  сохтмони зиёда аз  32  майдончаи варзишию истироҳатӣ  анҷом ёфта,  онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

 

Июль 29, 2017 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад