Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе майдончаи варзишӣ бунёд намуд
ДУШАНБЕ, 17.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе як майдончаи зебову замонавии варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, майдончаи варзишӣ бо маблағи 924 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 4800 метри мураббаъ бунёд ёфта, корҳои сохтмониву васлкунӣ аз ҷонби ҶДММ «Трансхизмат» бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.
Ҳангоми ифтитоҳи майдончаи варзишӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зикр кард, ки майдонча бо сифати баланд омода шуда, туҳфаи хубе аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба кӯдакону наврасони кӯчаи Бухоро мебошад.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода зикр намуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пайваста барои солимии мардуми кишвар талош дорад ва тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим яке аз самтҳои асосии фаъолияти Вазорат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, майдончаи варзишӣ бо мақсади варзиш ва фароғату истироҳати кӯдакону наврасон сохта ба истифода дода шудааст.
Ба иттилои муовини Раиси шаҳри Душанбе, дар пойтахти кишвар бунёди 70 майдончаи варзишӣ ва 80 гулгашти нав ба нақша гирифта шудааст.









Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






