Як миллиард аҳолии ҷаҳон аз норасоии ғизо азият мекашад

Июль 21, 2017 16:44

ДУШАНБЕ, 21.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Дар ҷаҳон 1 миллиард аҳолӣ аз норасоии ғизо  ва 2 миллиард аз норасоии микроэлементҳо азият мекашанд». Ин матлаб зимни  ҷаласае, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи тавсеаи ҳамкорӣ ва ташкили Бизнес-  шабакаи САН (Scaling Up Nutrition Business Network) дар рушди шарикии давлатӣ бо бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, зикр шуд.

Дар ҷаласа намояндагони Парлумони Тоҷикистон, вазорату идораҳои марбута,   созмонҳои байналмилалӣ, соҳибкорони ватанӣ —  ғизоистеҳсолкунандагон  иштирок намуда, доир ба  ғанигардонии маҳсулоти ғизоӣ ва таъмини аҳолии кишвар бо ғизои хушсифат  ибрози назар карданд.

Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ғизонокии  маҳсулоти хӯрока ва таъмини аҳолии кишвар бо ғизои хушсифат тадбирҳои  зарурӣ меандешад. Мавсуф афзуд, ки ҳадаф аз гузаронидани ҷаласа дар Душанбе бо ҳузури намояндагони вазорату идораҳо ва бахши хусусии кишвар –ғизоворидкунандагон ва истеҳсолкунандагони ватанӣ ташкили платформаест, ки он метавонад дар оянда барои ҳалли мушкилоти вобаста ба таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти серғизо мусоидат намояд. Инчунин дар ҷаласа  вакили Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Ашӯрзода, муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Саида Умарзода ва дигар намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ доир ба таъмини амнияти озуқавории кишвар, баланд бардоштани иқтидори ғизоистеҳсолкуннадагони ватанӣ ва ғизоворидкунандагон-бахши хусусӣ,  таъмини синни осебпазири ҷомеа-кӯдакони то синни 5-сола ва занони қобили таваллуд бо маҳсулоти серғизо ибрози назар карданд.

Таъкид шуд, ки  таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, он дар Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 қайд гардидааст. Инчунин интизор меравад, ки дар оянда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи ғизои мактаббачагон тасдиқ карда шавад. Ҳамзамон бо мақсади таъмини ҳарчи бештари аҳолии кишвар  бо ғизои солим дар бархе аз санадҳои қонунгузории кишвар, хусусан ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда хоҳанд шуд.

Ба андешаи сардори Раёсати  ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев,  масъалаи бехатарии озуқа ва ғизо яке аз масъалаҳои мубрам на танҳо дар   кишвари мо,  балки дар ҷаҳон мебошад. Мавсуф мегӯяд, ки дар ин  самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тадбирҳои  самарабахш меандешад.  Дар ин росто,  баҳри беҳтар кардани сатҳи ғизонокии маҳсулоти озуқа    дар байни  аҳолии синни осебпазири кишвар, хусусан кӯдакони синни то 5-сола ва занони қобили таваллуд  (то 49- сола)   дар солҳои 2009-2012 аз ҷониби  созмонҳои байналмилалӣ таҳқиқотҳои тиббӣ-демографӣ гузаронида шуд. Натиҷаи тадқиқотҳо нишон доданд, ки  дар сатҳи ғизогирӣ  дар байни аҳолии синни осебпазир –кӯдакони то  5-сола ва занони қобили таваллуд мушкилот вуҷуд дорад, ки он боиси инкишоф наёфтани кӯдакони синни то 5- сола ва ба бемории камхунӣ мубтало гардидани занони қобили таваллуд шудааст. Таъкид гардид, ки барои ҳалли мушкилоти вобаста ба таъмини бехатарии озуқа Ҳукумати кишвар  дар  вилояти Хатлон ду барномаро  доир ба  норасоии микроэлементҳо дар байни кӯдакони то синни  5 –сола  ва ҷилавгирӣ аз камхунӣ дар байни занони қобили таваллудро татбиқ менамояд.

Июль 21, 2017 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад