Як миллиард аҳолии ҷаҳон аз норасоии ғизо азият мекашад
ДУШАНБЕ, 21.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Дар ҷаҳон 1 миллиард аҳолӣ аз норасоии ғизо ва 2 миллиард аз норасоии микроэлементҳо азият мекашанд». Ин матлаб зимни ҷаласае, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи тавсеаи ҳамкорӣ ва ташкили Бизнес- шабакаи САН (Scaling Up Nutrition Business Network) дар рушди шарикии давлатӣ бо бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, зикр шуд.
Дар ҷаласа намояндагони Парлумони Тоҷикистон, вазорату идораҳои марбута, созмонҳои байналмилалӣ, соҳибкорони ватанӣ — ғизоистеҳсолкунандагон иштирок намуда, доир ба ғанигардонии маҳсулоти ғизоӣ ва таъмини аҳолии кишвар бо ғизои хушсифат ибрози назар карданд.
Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ғизонокии маҳсулоти хӯрока ва таъмини аҳолии кишвар бо ғизои хушсифат тадбирҳои зарурӣ меандешад. Мавсуф афзуд, ки ҳадаф аз гузаронидани ҷаласа дар Душанбе бо ҳузури намояндагони вазорату идораҳо ва бахши хусусии кишвар –ғизоворидкунандагон ва истеҳсолкунандагони ватанӣ ташкили платформаест, ки он метавонад дар оянда барои ҳалли мушкилоти вобаста ба таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти серғизо мусоидат намояд. Инчунин дар ҷаласа вакили Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Ашӯрзода, муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Саида Умарзода ва дигар намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ доир ба таъмини амнияти озуқавории кишвар, баланд бардоштани иқтидори ғизоистеҳсолкуннадагони ватанӣ ва ғизоворидкунандагон-бахши хусусӣ, таъмини синни осебпазири ҷомеа-кӯдакони то синни 5-сола ва занони қобили таваллуд бо маҳсулоти серғизо ибрози назар карданд.
Таъкид шуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, он дар Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 қайд гардидааст. Инчунин интизор меравад, ки дар оянда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи ғизои мактаббачагон тасдиқ карда шавад. Ҳамзамон бо мақсади таъмини ҳарчи бештари аҳолии кишвар бо ғизои солим дар бархе аз санадҳои қонунгузории кишвар, хусусан ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда хоҳанд шуд.
Ба андешаи сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев, масъалаи бехатарии озуқа ва ғизо яке аз масъалаҳои мубрам на танҳо дар кишвари мо, балки дар ҷаҳон мебошад. Мавсуф мегӯяд, ки дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои самарабахш меандешад. Дар ин росто, баҳри беҳтар кардани сатҳи ғизонокии маҳсулоти озуқа дар байни аҳолии синни осебпазири кишвар, хусусан кӯдакони синни то 5-сола ва занони қобили таваллуд (то 49- сола) дар солҳои 2009-2012 аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ таҳқиқотҳои тиббӣ-демографӣ гузаронида шуд. Натиҷаи тадқиқотҳо нишон доданд, ки дар сатҳи ғизогирӣ дар байни аҳолии синни осебпазир –кӯдакони то 5-сола ва занони қобили таваллуд мушкилот вуҷуд дорад, ки он боиси инкишоф наёфтани кӯдакони синни то 5- сола ва ба бемории камхунӣ мубтало гардидани занони қобили таваллуд шудааст. Таъкид гардид, ки барои ҳалли мушкилоти вобаста ба таъмини бехатарии озуқа Ҳукумати кишвар дар вилояти Хатлон ду барномаро доир ба норасоии микроэлементҳо дар байни кӯдакони то синни 5 –сола ва ҷилавгирӣ аз камхунӣ дар байни занони қобили таваллудро татбиқ менамояд.








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст






