Ҷаҳонгир Маҷидов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо мақоми панҷумро ишғол кард

Август 14, 2017 12:03

ДУШАНБЕ, 14.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони навраси  тоҷик  дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо  миёни наврасон, ки дар пойтахти Чили — шаҳри Сантяго баргузор гардид, дар вазни -81 кило сазовори мақоми панҷум шуд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ҷаҳонгир дар даври муқаддамотӣ бар Намҳун Лӣ (Ҷумҳурии Корея) ва Музаффарбек Турабоев (Ӯзбекистон) ғалаба карда, ба даври нимфиналӣ баромад. Аммо дар ин давр аз варзишгари Молдова Ейген Матвеисус, ки қаҳрамони вазни -81 шуд, мағлуб гашт. Дар рақобат барои ҷои сеюм аз Серикболсин Шинтас (Қазоқистон) шикаст хӯрд. Ҷои дуюм насиби Агустин Гил (Аргентина) ва ҷои дигари сеюм насиби Бенедек Тот (Маҷористон) гардид.

Ҷаҳонгир Маҷидов соли равон дар ду мусобиқа иштирок намуда, пирӯз гардида буд. Чанд муддат пеш аз ин мусобиқа Ҷаҳонгир Маҷидов дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон унвони қаҳрамони Осиёро ба даст оварда буд.

Бояд  зикр кард, ки варзишгари  дигари тоҷик Ҷамолиддин Абдуллоев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон, ки дар шаҳри Сантягои Чили  баргузор шуд, дар вазни -66 кило сазовори медали биринҷӣ гардид.

Август 14, 2017 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад